Қарордодҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои туристии ҷаҳон

Март 13, 2014 11:35

Душанбе, 13.03.2014.(АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Зимни баргузории чилуҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin-2014”, ки аз 4 то 10 марти соли равон дар Маҷмааи намоишгоҳии «Messe Berlin»-и пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон — шаҳри Берлин ҷараён гирифт, гӯшаи миллии тарғиботии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони масоили туризми ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифт.
Кишвари моро дар ин намоишгоҳ, ки фиристодаҳои қариб дусад давлати дунё иштирок доштанд, масъулини соҳоти ба он марбут ва роҳбарону коршиносони 12 ширкати сайёҳӣ аз манотиқи гуногуни мамлакат — Хатлону Бадахшону Суғду Зарафшон намояндагӣ карданд. Инчунин бахше аз гӯшаи намоишгоҳи ҷумҳурии моро маҳсулоти тарғиботию ташвиқотии меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе ташкил дод.
Ғайр аз ин, ширкатҳои иштирокдошта тавонистанд, ҳамзамон, маҳсулоти туристии дигар ширкатҳои ватании дар намоишгоҳ ҳузурнадоштаро, ки аз буклету руқъа, харита ва молҳои зиёди сайёҳию ороишӣ ва туҳфа иборат буданд, пешкаши бинандагон гардонанд.
Зуҳри 6 март дар доираи баргузории намоишгоҳ  вазирони туризми кишварҳои тарҳи “Шоҳроҳи Абрешим” (ба он ҳоло 31 кишвар дохил аст) зимни як нишаст масоили содда кардани раводиди байни кишварҳоро матраҳ намуданд. Зикр шуд, ки  хатсайри “Шоҳроҳи Абрешим”, ки аз Тоҷикистон ҳам мегузарад, ба Мероси фарҳангии ЮНЕСКО, Бунёди илму фарҳанг ва маорифи СММ шомил шавад ва ин метавонад барои ташвиқу тарғиби захираҳои сайёҳии мамлакат созгор бошад. 
Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin» калонтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, соли ҳафтум аст, ки намояндагони кишвари мо дар он бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон ширкат мекунанд, ки ин, албатта, ба пешрафти соҳаи туризми кишвар мусоидат менамояд.
 

Март 13, 2014 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд