Қарордодҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои туристии ҷаҳон
Душанбе, 13.03.2014.(АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Зимни баргузории чилуҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin-2014”, ки аз 4 то 10 марти соли равон дар Маҷмааи намоишгоҳии «Messe Berlin»-и пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон — шаҳри Берлин ҷараён гирифт, гӯшаи миллии тарғиботии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони масоили туризми ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифт.
Кишвари моро дар ин намоишгоҳ, ки фиристодаҳои қариб дусад давлати дунё иштирок доштанд, масъулини соҳоти ба он марбут ва роҳбарону коршиносони 12 ширкати сайёҳӣ аз манотиқи гуногуни мамлакат — Хатлону Бадахшону Суғду Зарафшон намояндагӣ карданд. Инчунин бахше аз гӯшаи намоишгоҳи ҷумҳурии моро маҳсулоти тарғиботию ташвиқотии меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе ташкил дод.
Ғайр аз ин, ширкатҳои иштирокдошта тавонистанд, ҳамзамон, маҳсулоти туристии дигар ширкатҳои ватании дар намоишгоҳ ҳузурнадоштаро, ки аз буклету руқъа, харита ва молҳои зиёди сайёҳию ороишӣ ва туҳфа иборат буданд, пешкаши бинандагон гардонанд.
Зуҳри 6 март дар доираи баргузории намоишгоҳ вазирони туризми кишварҳои тарҳи “Шоҳроҳи Абрешим” (ба он ҳоло 31 кишвар дохил аст) зимни як нишаст масоили содда кардани раводиди байни кишварҳоро матраҳ намуданд. Зикр шуд, ки хатсайри “Шоҳроҳи Абрешим”, ки аз Тоҷикистон ҳам мегузарад, ба Мероси фарҳангии ЮНЕСКО, Бунёди илму фарҳанг ва маорифи СММ шомил шавад ва ин метавонад барои ташвиқу тарғиби захираҳои сайёҳии мамлакат созгор бошад.
Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin» калонтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, соли ҳафтум аст, ки намояндагони кишвари мо дар он бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон ширкат мекунанд, ки ин, албатта, ба пешрафти соҳаи туризми кишвар мусоидат менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






