Қоидаҳои муҳоҷирати бехатар
Душанбе, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҳафтаи гузашта Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботро вобаста ба муҳоҷирати бехатар дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ гузаронид.
Тибқи иттилои муовини сардори Раёсати вазорати мазкур Ҷамшедхон Атаев, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҷамоатҳои Шайдон ва Ошоба бо аҳолӣ вохӯрӣ доир гардид.
Ба ҳайати гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ сармутахассисони Раёсат Зафар Бобоев ва Абдуқайюм Гадобоев, ҳуқуқшиноси ТҶ «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар шаҳри Хуҷанд Азалхон Олимов, намояндагони Агентии шуғли аҳолӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷамоатҳо шомил буданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба ҳозирин тағйироту навигариҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират ва қоидаҳои муҳоҷирати бехатар фаҳмонида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки зимни саволу ҷавоби озод шаҳрвандон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар чорабинии ташвиқотию тарғиботӣ наздики 80 нафар шаҳрванд иштирок намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






