Қонун «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» кабул хохад шуд
Душанбе, 31.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» -ро қабул хоҳад кард. Масъалаи мазкур зимни муҳокимаи парлумонӣ, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, матраҳ шуд. Зикр гардид, ки лоиҳаи ин қонун бо назардошти асос, мақсаду вазифа ва самтҳои асосии ин зинаи таҳсилот, бо мақсади муайян кардани сиёсати давлат, асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию молиявии он таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Дар муҳокимаи парлумонӣ раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Нурулло Оқилов ва муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Бозоралӣ Одинаев доир ба лоиҳаи қонуни мазкур табодули назар намуданд. Таъкид гардид, ҷараёни таҳсилот, тарбия ва инкишофи шахсияти донишҷӯ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад, ба таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯи талаботи замон зарурат дорад.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 25 модда иборат буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ба танзим медарорад.
Татбиқи амалии лоиҳаи ин қонун барои рушди зеҳнию ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ мусоидат намуда, ҳамзамон масъулияти оиларо низ дар ин самт баланд мебардорад.15.53.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






