Қонуни забон ва иҷрои он
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Тибқи нақшаи солонаи раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар заминаи силсилаи китобҳои тарбиявӣ китоби шашум таҳти унвони «Қонуни забон ва иҷрои он»-ро аз чоп баровард.
Тибқи иттилои сармутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳи мазкур Ӯғулой Умаралиева, дар китоби мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мақолаҳои устодони донишгоҳ роҷеъ ба аҳамият ва арзиши забони давлатӣ чоп гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси бахши тарбияи донишгоҳ соли гузашта силсиладастурҳои тарбиявӣ бо унвони «Раҳнамои тарбият» аз чоп баромад, ки «Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамои зиндагии мост», «Меҳвари худшиносӣ», «Ҷашнҳои фархундаи миллат», «Созандагиву бунёдкорӣ вазифаи муқаддас», «Тарбия аз рӯзи тавлиди фарзанд сар мешавад», «Дар роҳи тарбияи насли солим» ном дошта, дар ҳар яки он мақолаҳои аҳамияти тарбиявӣ доштаи устодони донишгоҳ сарҷамъ шудааст.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






