Қонуни забон ва иҷрои он

Март 14, 2014 11:57

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-  Тибқи нақшаи солонаи раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар заминаи силсилаи китобҳои тарбиявӣ китоби шашум таҳти унвони «Қонуни забон ва иҷрои он»-ро аз чоп баровард. 
Тибқи иттилои сармутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳи мазкур Ӯғулой Умаралиева, дар китоби мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мақолаҳои устодони донишгоҳ роҷеъ ба аҳамият ва арзиши забони давлатӣ чоп гардидааст. 
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси бахши тарбияи донишгоҳ соли гузашта  силсиладастурҳои тарбиявӣ бо унвони «Раҳнамои тарбият» аз чоп баромад, ки «Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамои зиндагии мост», «Меҳвари худшиносӣ», «Ҷашнҳои фархундаи миллат», «Созандагиву бунёдкорӣ вазифаи муқаддас», «Тарбия аз рӯзи тавлиди фарзанд сар мешавад», «Дар роҳи тарбияи насли солим»  ном дошта, дар ҳар яки он мақолаҳои аҳамияти тарбиявӣ доштаи устодони донишгоҳ сарҷамъ шудааст. 
 

Март 14, 2014 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд