Қубури нави газ ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?
Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» ва ширкати Корпоратсияи миллии нафту гази Чин созишномаро дар бораи таъсис додани ширкати муштарак имзо намуданд. «Ширкати мазкур дар ҳошияи лоиҳаи бунёди қубури гази Туркманистон- Афғонистон — Тоҷикистон — Чин шохаи чоруми қубури газро идора карда, дар он чун кишвари транзитӣ иштирок мекунад. Масъалаи ворид намудани гази Туркманистон барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Тоҷикистон ҳанӯз баррасӣ намешавад», — гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» Сайдаҳмад Шарофуддинов.
Мувофиқи суханони номбурда, қубури нав гази Туркманистонро тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Чин интиқол медиҳад. Ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки на фақат сармояҳои бештареро ба кишвар ҷалб намояд, балки ҷойҳори нави корӣ низ таъсис диҳад, ки ин барои иқтисодиёти Тоҷикистон басо муҳим аст.
«Алҳол Корпоратсияи Чин лоиҳаи техникию иқтисодиро тарҳрезӣ намуда, ҳамаи хусусиятҳои лоиҳа, аз ҷумла рӯзи мавриди истифода қарор додани бахши тоҷикистонии шохаи қубури газ то моҳи августи соли ҷорӣ маълум мегардад»,- гуфт Сайдаҳмад Шарофуддинов.
Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2013 дар ҷараёни ҷамъомади сарони давлатҳои аъзои СҲШ байни Тоҷикистону Чин созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи бунёди қубури газ аз Туркманистон ба Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон имзо шуда буд. Он вақт зикр шуда буд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур имконияти барои иқтисодиёти Тоҷикистон ҷалб намудани беш аз 3 миллиард доллари ИМА — ро чун инвеститсияҳои мустақим фароҳам меорад. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, масофаи қубури газ дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 400 километрро ташкил дода, ҳар сол тавассути он тақрибан 25 — 30 миллиард метри мукааб газ интиқол дода мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






