Қурби доллари ИМА боз поин рафт
Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Қурби доллари ИМА дар давоми ҳафта дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме поин рафта, ба ҳисоби миёна 4,9540-4,9770 сомониро ташкил намуд. Дар ин рӯзҳо қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ низ андаке паст шуда, ба 0,1335-0,1345 сомонӣ ва қурби евро бетағйир боқӣ монда, ба 6,7425-6,7660 сомонӣ баробар шуд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, 6 март қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе 4,9590-4,9780 сомонӣ, Хуҷанд 4,9600-4,9700 сомонӣ ва Қурғонтеппа 4,9600-4,9800 сомониро ташкил дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






