Ҳайати ШФ ФР ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати Шӯрои Федератсия бо роҳбарии раиси палата Валентина Матвиенко рӯзҳои чоршанбею панҷшанбе аз Тоҷикистон боздиди расмӣ менамояд.
«Федератсияи Русия ва Тоҷикистонро муносибатҳои деринаю мустаҳками иттиҳодӣ, ҳамкории судманд дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ муттаҳид месозанд», — гуфт Валентина Матвиенко дар арафаи сафараш ба Тоҷикистон.
Раиси Шӯрои Федератсия рушди ҳамкории байни минтақаҳои Русия ва Тоҷикистонро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, хотирнишон сохт, ки аз ҷониби Русия беш аз 50 ниҳоди федератсия, аз ҷумла шаҳрҳои Маскав, Санкт — Петербург, Бошқирдистон, кишварҳои Краснодару Красноярск ба ин ҳамкорӣ саҳм мегузоранд.
Сафари ҳайати Шӯрои Федератсия бояд ба рушди минбаъдаи мушорикати стратегии Русия ва Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо мусоидат намояд, зикр намуд Валентина Матвиенко.
Мавсуф дар бораи муколамаи байнипарлумонии Федератсияи Русия ва Тоҷикистон сухан ронда, сафарҳои ҳайатҳо ва чорабиниҳои дигари муштаракро хотирнишон сохт.
Ҳайати парлумони Русия дар шаҳри Душанбе ҳамчунин дурнамои таҳкими ҳамкории гуманитарии Русия ва Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода, аз Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон боздид менамояд.
«Мо тасмим гирифтем, ки чанд ҳазор китобҳои дарсӣ ва ашёҳои методии ба забони русӣ чопшударо ба мактабҳои ҷумҳурӣ тақдим намоем. Мутаассифона, мактабҳои русии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба китобҳои дарсии русӣ эҳтиёҷ доранд. Бинобар ин мо расонидани мададро барои аз байн бурдани ин душворӣ вазифаи худ мешуморем», — гуфт дар хотима Валентина Матвиенко.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






