Ҳайати ШФ ФР ба Тоҷикистон меояд

Март 12, 2014 11:49

Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати  Шӯрои  Федератсия    бо  роҳбарии  раиси палата  Валентина  Матвиенко рӯзҳои  чоршанбею панҷшанбе  аз  Тоҷикистон  боздиди   расмӣ  менамояд. 
 
«Федератсияи  Русия  ва  Тоҷикистонро   муносибатҳои  деринаю  мустаҳками   иттиҳодӣ, ҳамкории  судманд дар бахшҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва  фарҳангӣ  муттаҳид  месозанд», — гуфт  Валентина  Матвиенко  дар  арафаи  сафараш ба Тоҷикистон.
 
Раиси  Шӯрои  Федератсия  рушди  ҳамкории  байни   минтақаҳои  Русия  ва Тоҷикистонро ба дараҷаи  баланд  арзёбӣ  намуда, хотирнишон  сохт, ки аз   ҷониби Русия беш  аз 50 ниҳоди  федератсия,  аз ҷумла   шаҳрҳои  Маскав,  Санкт — Петербург, Бошқирдистон, кишварҳои Краснодару Красноярск ба  ин  ҳамкорӣ саҳм мегузоранд.
 
Сафари ҳайати Шӯрои  Федератсия бояд  ба  рушди минбаъдаи мушорикати  стратегии  Русия ва  Тоҷикистон дар  ҳамаи бахшҳо  мусоидат  намояд, зикр  намуд  Валентина  Матвиенко.
 
Мавсуф дар бораи  муколамаи  байнипарлумонии Федератсияи  Русия  ва Тоҷикистон сухан  ронда,  сафарҳои  ҳайатҳо  ва  чорабиниҳои дигари муштаракро  хотирнишон  сохт. 
 
Ҳайати парлумони  Русия  дар  шаҳри  Душанбе ҳамчунин  дурнамои   таҳкими ҳамкории  гуманитарии Русия ва  Тоҷикистонро  мавриди  муҳокима қарор дода, аз Донишгоҳи  славянии Русия  ва  Тоҷикистон  боздид менамояд.
 
«Мо   тасмим  гирифтем, ки чанд  ҳазор   китобҳои  дарсӣ  ва  ашёҳои  методии ба забони русӣ  чопшударо  ба  мактабҳои  ҷумҳурӣ  тақдим  намоем. Мутаассифона, мактабҳои русии  Тоҷикистон   ҳанӯз  ҳам  ба   китобҳои дарсии  русӣ эҳтиёҷ  доранд. Бинобар  ин мо расонидани  мададро барои аз байн  бурдани ин  душворӣ вазифаи худ  мешуморем», — гуфт дар  хотима Валентина  Матвиенко.

Март 12, 2014 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!