Ҳалокати ду нафар аз беэҳтиётии ронандагон

Март 28, 2014 13:30

Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ бар асари беэҳтиётии ронандагон ду нафар ба ҳалокат расид. Назар ба хабари Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандаи мошини тамғаи «Toyota Land Kruzer 200» Ҳасан Маҳмадтоҳиров – сокини ноҳияи Вахш, дар роҳи мошингарди Фархор — Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи нақлиёт баромада натавониста, дар натиҷаи ин сокини ноҳияи Фархор Толибҷон Бобоевро пахш намуд. Шахси зарардида ҷароҳатҳои сахт бардошта, дар маҳалли ин ҳодиса ба ҳалокат расид. Ҳамчунин ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ — 21063» Болтабой Шарифов — сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Зарзамин бехатарии ҳаракати нақлиётро таъмин накарда, сокини ноҳияи зикршуда Анварҷон Бойматовро пахш намуд, ки мавсуф ҷароҳатҳои сахт бардошта, дар беморхона ҳалок шуд.

Март 28, 2014 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст