Ҳалокати ду нафар аз беэҳтиётии ронандагон
Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ бар асари беэҳтиётии ронандагон ду нафар ба ҳалокат расид. Назар ба хабари Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандаи мошини тамғаи «Toyota Land Kruzer 200» Ҳасан Маҳмадтоҳиров – сокини ноҳияи Вахш, дар роҳи мошингарди Фархор — Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи нақлиёт баромада натавониста, дар натиҷаи ин сокини ноҳияи Фархор Толибҷон Бобоевро пахш намуд. Шахси зарардида ҷароҳатҳои сахт бардошта, дар маҳалли ин ҳодиса ба ҳалокат расид. Ҳамчунин ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ — 21063» Болтабой Шарифов — сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Зарзамин бехатарии ҳаракати нақлиётро таъмин накарда, сокини ноҳияи зикршуда Анварҷон Бойматовро пахш намуд, ки мавсуф ҷароҳатҳои сахт бардошта, дар беморхона ҳалок шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






