Ҳамкорӣ ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳаи савдо
Душанбе, 13.03.2014.(АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид 12 март бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви мухбирони Академияи илмҳои Тоҷикистон, профессор Муҳаммадюсуф Имомов мулоқот намуд.
Тавре аз ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот як қатор самтҳои фаъолияти муштарак оид ба рушди ҳамкории палата бо донишгоҳ дар соҳаи тайёр намудани мутахасиссони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
«Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ва паёмҳои ҳарсолааш ба Парлумони кишвар борҳо зикр намудаст, ки Тоҷикистони муосир ба низоми таҳсилоти рақобатпазир, мутахассисони ҷавон ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа ниёз дорад.
Бинобар ин, тибқи суханони Ш. Саид, имрӯз барои тайёр намудани мутахассисони тахассусманди донишгоҳи олӣ, аз ҷумла дар соҳаи савдо , дар сатҳи олию касбӣ тайёр намудан, ба корҳои мустақилонаи эҷодӣ қобил будан, дар соҳаи идоракунии давлатӣ, хоҷагии халқ, технологияҳои иттилоотӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат аҳамияти хоса дода мешавад.
«Дар ҳақиқат, бидуни баланд бардоштани сифат ва самараи корҳои низоми таҳсилоти касбӣ, ташкили касбӣ тайёр намудани донишҷӯёни ҷавон таъмини рушди инноватсионӣ ва рақобатпазирии мамлакат имконпазираст»,- қайд намуд профессор Муҳаммадюсуф Имомов.
«Тайёр намудани мутахассисони баландихтисос бе илми таҳсилоти олӣ, таҳсилоти касбӣ, илмҳои бунёдӣ ва амалӣ, иқтисод ва саноат, бидуни ошно намудани донишҷӯён бо охирин пешрафтҳои илм ва техника ғайриимкон аст», — зикр кард ректори донишгоҳ.