Ҳамкорӣ ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳаи савдо

Март 13, 2014 16:41

   Душанбе, 13.03.2014.(АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид 12 март бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви мухбирони Академияи илмҳои Тоҷикистон, профессор Муҳаммадюсуф Имомов мулоқот намуд.
 
 Тавре аз ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот як қатор самтҳои фаъолияти муштарак оид ба рушди ҳамкории палата бо донишгоҳ дар соҳаи тайёр намудани мутахасиссони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 
  «Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ва паёмҳои ҳарсолааш ба Парлумони кишвар борҳо зикр намудаст, ки Тоҷикистони муосир ба низоми таҳсилоти рақобатпазир, мутахассисони ҷавон ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа ниёз дорад.
 
 Бинобар ин, тибқи суханони Ш. Саид, имрӯз барои тайёр намудани мутахассисони тахассусманди донишгоҳи олӣ, аз ҷумла дар соҳаи савдо , дар сатҳи олию касбӣ тайёр намудан, ба корҳои мустақилонаи эҷодӣ қобил будан, дар соҳаи идоракунии давлатӣ, хоҷагии халқ, технологияҳои иттилоотӣ  мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат аҳамияти хоса дода мешавад.
 
«Дар ҳақиқат, бидуни баланд бардоштани сифат ва самараи корҳои низоми таҳсилоти касбӣ, ташкили касбӣ тайёр намудани донишҷӯёни ҷавон таъмини рушди инноватсионӣ ва рақобатпазирии мамлакат имконпазираст»,- қайд намуд профессор Муҳаммадюсуф  Имомов.
 
«Тайёр намудани мутахассисони баландихтисос бе илми таҳсилоти олӣ, таҳсилоти касбӣ, илмҳои бунёдӣ ва амалӣ, иқтисод ва саноат, бидуни ошно намудани донишҷӯён бо охирин пешрафтҳои илм ва техника ғайриимкон аст», — зикр кард ректори донишгоҳ.

Март 13, 2014 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!