Ҳамкорӣ оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон

Март 5, 2014 15:02

Душанбе, 05.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-«Ҳамкорӣ оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинар доир гардид.
Дар семинар намояндагони Шӯрои адлия, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Маҷлиси намояндагон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, адвокатҳо, олимон, намояндагони Иттиҳоди аврупо, Суди аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, Палатаи суди тиҷоратии Париж, ЮНИСЕФ, мутахассисони соҳаи байналмилалӣ аз Фаронса, Олмон, Амрико ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Семинари мазкур аз ҷониби Шӯрои адлия ва Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо- Барномаи «Волоияти ҳуқуқ- Осиёи Марказӣ» гузаронида шуда,  иштирокчиён волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои  инсонро дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.
 
 
 

Март 5, 2014 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад