Ҳамкорӣ оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 05.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-«Ҳамкорӣ оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинар доир гардид.
Дар семинар намояндагони Шӯрои адлия, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Маҷлиси намояндагон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, адвокатҳо, олимон, намояндагони Иттиҳоди аврупо, Суди аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, Палатаи суди тиҷоратии Париж, ЮНИСЕФ, мутахассисони соҳаи байналмилалӣ аз Фаронса, Олмон, Амрико ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Семинари мазкур аз ҷониби Шӯрои адлия ва Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо- Барномаи «Волоияти ҳуқуқ- Осиёи Марказӣ» гузаронида шуда, иштирокчиён волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






