Ҳамкории ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ ва журналистон
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих).- Бо ибтикори дафтари Намояндагии Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва амонӣ (IWPR) дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза аз рӯи масъалаи ҳамкории байни журналистон ва ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ анҷом ёфт. Тавре ки аз намояндагии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳошияи тренинг 14 нафар журналистон ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқи созмонҳои ғайриҳукуматии пойтахти ҷумҳурӣ масоили кори муштарак ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин чорабинӣ ҳамоҳангсози Барномаи «Дастрасӣ ба иттилоот ва хидматрасонӣ» — и Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушода» — Бунёди мадад Рухшона Олимова ва роҳбари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва ҳомии ҳифзи ҳуқуқ Сергей Романов ба ҳайси мураббию омӯзгор ширкат доштанд. Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва амонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа низ чунин чорабиниҳоро доир карданист. Тренинг дар ҳошияи лоиҳаи сесолаи «Густариши ҳуқуқу имкониятҳои ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои дастгирии ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» роҳандозӣ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






