Ҳамкории ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ ва журналистон

Март 17, 2014 12:02

Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих).- Бо ибтикори дафтари Намояндагии Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва амонӣ (IWPR) дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза аз рӯи масъалаи ҳамкории байни журналистон ва ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ анҷом ёфт. Тавре ки аз намояндагии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳошияи тренинг 14 нафар журналистон ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқи созмонҳои ғайриҳукуматии пойтахти ҷумҳурӣ масоили кори муштарак ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин чорабинӣ ҳамоҳангсози Барномаи «Дастрасӣ ба иттилоот ва хидматрасонӣ» — и Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушода» — Бунёди мадад Рухшона Олимова ва роҳбари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва ҳомии ҳифзи ҳуқуқ Сергей Романов ба ҳайси мураббию омӯзгор ширкат доштанд. Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва амонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа низ чунин чорабиниҳоро доир карданист. Тренинг дар ҳошияи лоиҳаи сесолаи «Густариши ҳуқуқу имкониятҳои ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои дастгирии ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» роҳандозӣ мешавад.

Март 17, 2014 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд