Ҳамкории ВКД бо Намояндагии Хазинаи кӯдакон

Март 20, 2014 14:09

Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи 18 марти соли равон бо сардори  Намояндагии Хазинаи кӯдакони  Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лайлӣ Моширӣ мулоқот анҷом дод.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро Лайлӣ Мошириро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакону ноболиғон мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ як силсила чорабиниҳо амалӣ  шудаанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, инчунин дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон таъсис дода шудааст, ки дар самти мазкур бо ноболиғону ҷавонон фаъолият менамояд.  
Лайлӣ Моширӣ ба вазири корҳои дохилӣ барои таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба ин самти муҳими ҷомеа ва ҳамкориҳои самаранок бо мақомоти корҳои дохилӣ  изҳори сипос намуда, зикр кард, ки нақши расонаҳо ва масоили гузоришдиҳӣ дар хусуси кӯдакон бениҳоят муҳим аст. Бинобар ин, хусусияти психологии кӯдакро ба инобат гирифта, бо ӯ тавре бояд муносибат кард, ки ба ҳаёти минбаъдаи ӯ осебе нарасад.
 
 

Март 20, 2014 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе