Ҳамкории ВКД бо Намояндагии Хазинаи кӯдакон
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи 18 марти соли равон бо сардори Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лайлӣ Моширӣ мулоқот анҷом дод.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро Лайлӣ Мошириро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакону ноболиғон мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ як силсила чорабиниҳо амалӣ шудаанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, инчунин дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон таъсис дода шудааст, ки дар самти мазкур бо ноболиғону ҷавонон фаъолият менамояд.
Лайлӣ Моширӣ ба вазири корҳои дохилӣ барои таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба ин самти муҳими ҷомеа ва ҳамкориҳои самаранок бо мақомоти корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки нақши расонаҳо ва масоили гузоришдиҳӣ дар хусуси кӯдакон бениҳоят муҳим аст. Бинобар ин, хусусияти психологии кӯдакро ба инобат гирифта, бо ӯ тавре бояд муносибат кард, ки ба ҳаёти минбаъдаи ӯ осебе нарасад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






