Ҳамлаи нашъаҷаллоб ба кормандони милитсия
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ дар назди меҳмонхонаи «Сино», воқеъ дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе, ҳангоми дастгир намудан гумонбаршуда Нарзуллоев Оятулло Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ба кормандони Раёсати кофтукови ҷиноӣ- подполковники милитсия Саидов Боймаҳмад Эшпӯлодович ва капитани милитсия Саидазимов Фаррух Худойбердиевич, ҳамла намуда, бо истифода аз корд ба узвҳои бадани онҳо ҷароҳатҳои халандаю буранда расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Бояд тазаккур дод, ки номбурда муддати дароз дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, хариду фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон машғул буд. Ҳангоми дидани ҷойи ҳодиса 4 килою 682 грамм маводи сахттаъсири героин ва 3 килою 474 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Дар ин бора сомонаи расмии ВКД ҶТ иттилоъ додааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






