Ҳамоиши байналмилалӣ ба ифтихори 20-умин солгарди Конститутсия

Март 31, 2014 15:36

         Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона» -интизор меравад, ки таҳти чунин унвон ба ифтихори 20-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар- Конститутсия моҳи сентябри соли равон  дар Душанбе конфронси байналмилалӣ  баргузор гардад. 
            Дар робита ба ин тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои марбут ба баргузории  ин ҳамоиши байналмилалӣ  мушаххас гардидаанд. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ, Суди конститутсионӣ, Академияи илмҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе масъули баргузории ин конфронси байналмилалианд.
           Бояд тазаккур дод, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Конститутсия — Қонуни асосӣ ва сарнавиштсози миллати тоҷик маҳсуб ёфта,  низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар ҷомеа таъмин мекунад. Ба Қонуни  асосии  кишвар ду маротиба- солҳои 1999 ва 2003 тағиру иловаҳо ворид шудаанд. 

Март 31, 2014 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд