Ҳар ки хандонад ятими хастаро…

Март 20, 2014 14:13

Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар арафаи таҷлили иди Наврӯз кумак кардани ниёзмандон ва сила кардани сари ятимону шод кардани дили ранҷурон ва аёдати беморону маъюбон  аз хусусиятҳои азалии ин ҷашни ориёӣ  маҳсуб мегардад. Раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ дар пайравӣ  ба ин анъана дар арафаи иди Наврӯз ба мактаб-интернати №1 барои ятимон ва бепарасторони шаҳри Душанбе, ки дар шафати донишкада ҷойгир аст, ҳадяи наврӯзӣ-  2 адад компютер ва маводи хӯрокворӣ туҳфа намуд. Ҳамзамон барои 600 нафар тарбиятгирандагони ин таълимгоҳ оши хайрия омода шуд. Директори мактаб- интернати мазкур З. Абдулов  барои ин ғамхорӣ  ба раёсати донишкада арзи сипос намуд.
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон сарпарастии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоиашон суст ва деркаршуда дар ноҳияи Рӯдакиро ба уҳда дорад ва пайваста аз ҳолу аҳволи бошандагони он хабар мегирад. Бахшида ба иди Наврӯз ба таълимгирандагони ин даргоҳ роҳбарияти донишкадаи мазкур  маводи хӯрокӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, пиёзу картошка ва дигар ашёи лозимии рузғор туҳфа карда шуд. 
 
 

Март 20, 2014 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст