Ҳар ки хандонад ятими хастаро…
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар арафаи таҷлили иди Наврӯз кумак кардани ниёзмандон ва сила кардани сари ятимону шод кардани дили ранҷурон ва аёдати беморону маъюбон аз хусусиятҳои азалии ин ҷашни ориёӣ маҳсуб мегардад. Раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ дар пайравӣ ба ин анъана дар арафаи иди Наврӯз ба мактаб-интернати №1 барои ятимон ва бепарасторони шаҳри Душанбе, ки дар шафати донишкада ҷойгир аст, ҳадяи наврӯзӣ- 2 адад компютер ва маводи хӯрокворӣ туҳфа намуд. Ҳамзамон барои 600 нафар тарбиятгирандагони ин таълимгоҳ оши хайрия омода шуд. Директори мактаб- интернати мазкур З. Абдулов барои ин ғамхорӣ ба раёсати донишкада арзи сипос намуд.
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон сарпарастии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоиашон суст ва деркаршуда дар ноҳияи Рӯдакиро ба уҳда дорад ва пайваста аз ҳолу аҳволи бошандагони он хабар мегирад. Бахшида ба иди Наврӯз ба таълимгирандагони ин даргоҳ роҳбарияти донишкадаи мазкур маводи хӯрокӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, пиёзу картошка ва дигар ашёи лозимии рузғор туҳфа карда шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






