Ҳасани Руҳонӣ Сироҷиддин Асловро ба ҳузур пазируфт

Март 17, 2014 16:39

Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро ба ҳузур пазируфт.  Дар ин дидор вазири корҳои хориҷӣ паёми расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ супорид. Дар паёми мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таъкид бар омодагии ҷониби Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват ба амал овард, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздиктарин фурсати муносиб боздиди расмӣ ба амал оварад. Даъват бо мамнуният пазируфта шуд. Дар суҳбате, ки сурат гирифт, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муҳимтарин шарикони иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мусоидат ва иштироки Эрон дар кишвари мо тарҳҳои бисёр муҳими зербиноӣ амалӣ мегарданд. Ҷонибҳо зикр намуданд, ки барои ду кишваре, ки ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошанд, табиист, ки ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва илму маориф аҳамияти фаровон дорад. Мусоҳибон бо табрики ҳамдигар ба муносибати фаро расидани ҷашни Наврӯз изҳори боварӣ намуданд, ки робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯсту бародар дар оянда низ ба нафъи мардумони ду кишвар инкишоф хоҳанд ёфт.

Март 17, 2014 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд