Ҳавошиносон чӣ пешгӯӣ мекунанд?

Март 13, 2014 16:40

Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Аз 13 март то 17 март дар Тоҷикистон борон бо раъду барқ дар назар аст. 16 ва 17 март борони бошиддат ва фаромадани сел пешгӯӣ шуда, дар кӯҳҳо барф меборад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво қариб 10 дараҷа паст мефарояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона аз 21 то 13 поён рафта, шабона ҳавои сард ва шамол дар назар аст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти обу ҳавошиносии кишвар иттилоъ доданд.
 
Пагоҳ , 14 март  дар водиҳо ва кӯҳҳо борон бо раъду барқ меборад. Харорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон +11+15  дараҷа , дар вилояти Суғд +8+12 дараҷа , дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) +9+14 дараҷа гарм хоҳад буд. Дар Душанбе +14+15 дараҷа гарм мешавад.

Март 13, 2014 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд