Ҳавошиносон чӣ пешгӯӣ мекунанд?
Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Аз 13 март то 17 март дар Тоҷикистон борон бо раъду барқ дар назар аст. 16 ва 17 март борони бошиддат ва фаромадани сел пешгӯӣ шуда, дар кӯҳҳо барф меборад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво қариб 10 дараҷа паст мефарояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона аз 21 то 13 поён рафта, шабона ҳавои сард ва шамол дар назар аст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти обу ҳавошиносии кишвар иттилоъ доданд.
Пагоҳ , 14 март дар водиҳо ва кӯҳҳо борон бо раъду барқ меборад. Харорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон +11+15 дараҷа , дар вилояти Суғд +8+12 дараҷа , дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) +9+14 дараҷа гарм хоҳад буд. Дар Душанбе +14+15 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






