Ҳиҷрати ғозҳои ҳиндӣ ба Тоҷикистон

Март 12, 2014 14:23

 
Хоруғ, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Бо фаро расидани фасли баҳор   кӯчи парандагон аз   кишварҳои ҳамсоя  ба шаҳру навоҳии вилоят оғоз меёбад. Агарчанде боду ҳаво имсол нармтар аст, кӯчи  баҳории парандагон ба Бадахшон  аз мамлакатҳои гарм дертар оғоз  гардид, — гуфт номзади илмҳои биологӣ  Абдулназар Абдулназаров. Чанд рӯз қабл селаи ғозҳои ҳиндӣ баъди парвози дуру дароз ахиран ба макони мавсимии худ- кӯли Зоркӯл, воқеъ дар ноҳияи Мурғоб расиданд. Ин парандагон маҳз дар соҳили ҳамин кӯл насл мегузоранд ва то охири фасли тирамоҳ ба насли худ паридану чаридан омӯзонида, баъдан боз ба кишвари Ҳиндустон бармегарданд.
     Ба гуфтаи  ин мутахассис кормандони мамнуъгоҳи Зоркӯл барои парандагони кӯчӣ шароити мусоид фароҳам меоранд, зеро тухми ин паранда хеле калону ширин аст ва таваҷҷуҳи сокинони маҳаллию раҳгузаронро ба худ ҷалб месозад.
      Абдулназар Абдулназаров гуфт, ки гуногуннамудии  олами  паррандагон  солҳои охир аз ҳисоби  парандаҳои навъи кӯчӣ  рангинтар шудааст, вале ҳамзамон  ба баъзе намудҳои паррандаҳои нодир хавфи  нобудӣ таҳдид мекунад.  
 
 
 
 

Март 12, 2014 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад