Ҳиҷрати ғозҳои ҳиндӣ ба Тоҷикистон
Хоруғ, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Бо фаро расидани фасли баҳор кӯчи парандагон аз кишварҳои ҳамсоя ба шаҳру навоҳии вилоят оғоз меёбад. Агарчанде боду ҳаво имсол нармтар аст, кӯчи баҳории парандагон ба Бадахшон аз мамлакатҳои гарм дертар оғоз гардид, — гуфт номзади илмҳои биологӣ Абдулназар Абдулназаров. Чанд рӯз қабл селаи ғозҳои ҳиндӣ баъди парвози дуру дароз ахиран ба макони мавсимии худ- кӯли Зоркӯл, воқеъ дар ноҳияи Мурғоб расиданд. Ин парандагон маҳз дар соҳили ҳамин кӯл насл мегузоранд ва то охири фасли тирамоҳ ба насли худ паридану чаридан омӯзонида, баъдан боз ба кишвари Ҳиндустон бармегарданд.
Ба гуфтаи ин мутахассис кормандони мамнуъгоҳи Зоркӯл барои парандагони кӯчӣ шароити мусоид фароҳам меоранд, зеро тухми ин паранда хеле калону ширин аст ва таваҷҷуҳи сокинони маҳаллию раҳгузаронро ба худ ҷалб месозад.
Абдулназар Абдулназаров гуфт, ки гуногуннамудии олами паррандагон солҳои охир аз ҳисоби парандаҳои навъи кӯчӣ рангинтар шудааст, вале ҳамзамон ба баъзе намудҳои паррандаҳои нодир хавфи нобудӣ таҳдид мекунад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






