Ҳикматҳои Наврўзӣ

Март 25, 2014 10:11

Душанбе, 25.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Иди Наврўзро аз қадимулайём аҷдодони мо ҷашн мегирифтанд. Вале мутаассифона, мардуми мо дар даврони шӯравӣ муддати 70 — сол аз ҷашн гирифтани ин иди бошукўҳ бо сабабҳои мухталиф дур монданд. Дар ин муддат танҳо дар кўҳистон баъзе анъанаҳои наврўзиро ҷашн мегирифтанд. Вобаста ба ин суҳбате доштем бо Ҷамолиддин Нуров, сухангӯи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.Мавсуф дар суҳбат гуфт, ки анъанае бо номи “Даҳи наврўз” ном дошт, ки он аз хонабарорӣ ва такондани ҷиҳозҳои хона оғоз мегардид. Мардум деворҳои хонаро сафед намуда, дару тирезаҳоро мекушоданд. Ҳамзамон ба хона хандаи хуршедро бо нурҳои тиллорангаш медароварданд, ки то давоми сол хона пур аз садои хандаву рангоранг аз нури зиндагӣ бошад. Онҳо дегу табақи мисини хонаро бо регҳои обшустаи соҳил шустушў намуда соиш медоданд, то ки он зарфҳо ба мисли зарфҳои тиллоӣ ҷило диҳанд. Пас аз чоршанбеи охир то рўзи Наврўз гулхан афўхта, дар атрофи гулхан суруду таронаҳои наврўзӣ хонда,чарх мезаданд ва аз болои гулхан ҷаҳида, зардии рўйи худро ба гулхан дода, аз гулхан гирифтани сурхии рўйро таманно менамуданд. Пас аз анҷоми ин расм мардон либос ва ҷомаи худро иваз намуда, бо ҷомаи нав ба Наврўзгоҳ мерафтанд. Онҳо ин иқдомро барои он анҷом медоданд, ки замин дар ин айём ҷомаи нав ба бар менамуд. Ин анъанаро занону духтарон ҳам такрор намуда, ба рўй сафедию ба лабон сурхӣ молида, бо пўшидани либосҳои ҳарири баҳорӣ хешро чун маликаи баҳор оро медоданд. Ҳамзамон ба нўги мўйҳояшон аз матои сафед ҷамолак бофта, кокулонашонро ба даври доманашон сар дода, худро чун шохаи пур аз гули сурху сафеди сабз пироста менамуданд. Бо ин рафторашон ба ҳусни баҳор ҳусни дигарро зам менамуданд. Сарлашкарон пайи ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан дар назди гулхани оташ савганд ёд менамуданд. Ва қалбу нияти хешро бо оташу об пок намуда, ин маросимро дар айёми Наврўз ба ҷо меоварданд, ки ин хосияти нек дошт. Занону мардон гулгардонӣ намуда, дар васфи Наврўз шеъру тарона мехонданд ва илҳоми шоирон чун чашмаҳои баҳорӣ ҷӯш зада, онҳо бо забони шеър гулдухтарони зеборо аз зери шабкураки чатрҳо ба берун баромадан даъват менамуданд. Ва барои шеърҳои баландмазмунашон аз ҷониби шоҳ инъом мегирифтанд. Гўиё бар чӯбу қаламчӯби шоир ҳам Наврўз меомад. Дар солҳои пешин анъанаи дигаре ҳам буд, ки дар ин айём либоси даридаи як сағираи нодорро бо дору чун тири тӯб сохта, онро ба дурӣ мепарронданд. Пас аз оташ гирифтану сӯхтани он либосҳо онҳо камбағалию нодориро дур сохта, дороиро талаб менамуданд. Маросими тайёр намудани суманак як анъанаи ба худ хос дошт. Дар гирди деги суманак занону духтарони зебо ба абрўвонашон усмаи тар кашида, худашонро бо либосҳои идона ва зару зевар ороиш медоданд. Ҳикмати дигари Наврўз ин аст, ки дар ин фасл борони найсон меборад. Ин борон аз боронҳои дигар бо ҳикмати шифоияш фарқ мекунад. Нафарони бемўй дар зери ин борон сари луч мегарданд, то сарашон тар шуда, аз сари нав мӯй барорад.

Март 25, 2014 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад