Ҳикматҳои Наврўзӣ

Март 25, 2014 10:11

Душанбе, 25.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Иди Наврўзро аз қадимулайём аҷдодони мо ҷашн мегирифтанд. Вале мутаассифона, мардуми мо дар даврони шӯравӣ муддати 70 — сол аз ҷашн гирифтани ин иди бошукўҳ бо сабабҳои мухталиф дур монданд. Дар ин муддат танҳо дар кўҳистон баъзе анъанаҳои наврўзиро ҷашн мегирифтанд. Вобаста ба ин суҳбате доштем бо Ҷамолиддин Нуров, сухангӯи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.Мавсуф дар суҳбат гуфт, ки анъанае бо номи “Даҳи наврўз” ном дошт, ки он аз хонабарорӣ ва такондани ҷиҳозҳои хона оғоз мегардид. Мардум деворҳои хонаро сафед намуда, дару тирезаҳоро мекушоданд. Ҳамзамон ба хона хандаи хуршедро бо нурҳои тиллорангаш медароварданд, ки то давоми сол хона пур аз садои хандаву рангоранг аз нури зиндагӣ бошад. Онҳо дегу табақи мисини хонаро бо регҳои обшустаи соҳил шустушў намуда соиш медоданд, то ки он зарфҳо ба мисли зарфҳои тиллоӣ ҷило диҳанд. Пас аз чоршанбеи охир то рўзи Наврўз гулхан афўхта, дар атрофи гулхан суруду таронаҳои наврўзӣ хонда,чарх мезаданд ва аз болои гулхан ҷаҳида, зардии рўйи худро ба гулхан дода, аз гулхан гирифтани сурхии рўйро таманно менамуданд. Пас аз анҷоми ин расм мардон либос ва ҷомаи худро иваз намуда, бо ҷомаи нав ба Наврўзгоҳ мерафтанд. Онҳо ин иқдомро барои он анҷом медоданд, ки замин дар ин айём ҷомаи нав ба бар менамуд. Ин анъанаро занону духтарон ҳам такрор намуда, ба рўй сафедию ба лабон сурхӣ молида, бо пўшидани либосҳои ҳарири баҳорӣ хешро чун маликаи баҳор оро медоданд. Ҳамзамон ба нўги мўйҳояшон аз матои сафед ҷамолак бофта, кокулонашонро ба даври доманашон сар дода, худро чун шохаи пур аз гули сурху сафеди сабз пироста менамуданд. Бо ин рафторашон ба ҳусни баҳор ҳусни дигарро зам менамуданд. Сарлашкарон пайи ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан дар назди гулхани оташ савганд ёд менамуданд. Ва қалбу нияти хешро бо оташу об пок намуда, ин маросимро дар айёми Наврўз ба ҷо меоварданд, ки ин хосияти нек дошт. Занону мардон гулгардонӣ намуда, дар васфи Наврўз шеъру тарона мехонданд ва илҳоми шоирон чун чашмаҳои баҳорӣ ҷӯш зада, онҳо бо забони шеър гулдухтарони зеборо аз зери шабкураки чатрҳо ба берун баромадан даъват менамуданд. Ва барои шеърҳои баландмазмунашон аз ҷониби шоҳ инъом мегирифтанд. Гўиё бар чӯбу қаламчӯби шоир ҳам Наврўз меомад. Дар солҳои пешин анъанаи дигаре ҳам буд, ки дар ин айём либоси даридаи як сағираи нодорро бо дору чун тири тӯб сохта, онро ба дурӣ мепарронданд. Пас аз оташ гирифтану сӯхтани он либосҳо онҳо камбағалию нодориро дур сохта, дороиро талаб менамуданд. Маросими тайёр намудани суманак як анъанаи ба худ хос дошт. Дар гирди деги суманак занону духтарони зебо ба абрўвонашон усмаи тар кашида, худашонро бо либосҳои идона ва зару зевар ороиш медоданд. Ҳикмати дигари Наврўз ин аст, ки дар ин фасл борони найсон меборад. Ин борон аз боронҳои дигар бо ҳикмати шифоияш фарқ мекунад. Нафарони бемўй дар зери ин борон сари луч мегарданд, то сарашон тар шуда, аз сари нав мӯй барорад.

Март 25, 2014 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ПИРӢ ФАРО РАСИДААСТ, ЧӢ БОЯД КАРД?». Таҳти чунин унвон китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
РОҲСОЗӢ-КОРИ ХАЙР. Сокинони ноҳияи Спитамен маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаашонро дар мумфаршкунии роҳҳо сарф карданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ҳизбии «Ободкор» ва «Шири Ватан» таъсис дода шуданд
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи парламентӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид
Агар барқ хомӯш шуд – мо вориди интернет мешавем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ЧИЛ РӮЗИ ҲАЁТИ КӮДАКОН». Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоишҳо доир мегарданд