Ҳунарнамоии Ҳасани Ҳайдар ва Ноҳид Зайналпур дар Толори «Русия»

Март 27, 2014 15:01

Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат).- Тавре  ки  намояндаи  расмии  Сафорати ҶТ дар  ФР  Муҳаммад  Эгамзод ба  АМИТ «Ховар» хабар  дод,   22 март  дар  Толори марказии консертӣ воқеъ  дар  Қасри варзиши «Лужники» — и  шаҳри  Маскав иди баҳор таҷлил  гардид. 
 
Дар  ин рӯз сокинони  Маскав  ва  меҳмонони  сершумор  дар  намоишгоҳи Тоҷикистон, ки  онро  Сафорати  ҶТ  дар  ФР дар  маҷмааи  бонуфузи   шаҳри  Маскав  доир  карда  буд,  бо  яке  аз аломатҳои  асосии  Наврӯз —  дастархони  «ҳафтсин»,  ки иборат  аз  7  таркиб  аст,  шиносоӣ  пайдо  намуданд. 
 
Сипас  Сафири  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  Абдулмаҷид  Достиев  ба   дипломатҳои  давлатҳои хориҷӣ, аъзои  иттиҳодияҳои  миллии ҷамъиятии  Русия, меҳмонони  пойтахти ин  кишвар,   намояндагони  васоити  ахбори оммаи  Русия  ва  хориҷӣ  аз  таърихи пайдоиш ва  аҳамияти хони идонаи «ҳафтсин»  нақл  кард. 
 
Чорабинии  идона  ба  ифтихори  Наврӯз бо барномаи идона идома ёфт, ки дар  он  дастаҳои эҷодкор,  сарояндагони   маъруфи эстрадӣ  ва  гурӯҳҳои фолклорию  рақсии  кишварҳои мухталифи  ҷаҳон  маҳорати худро  намоиш  доданд. 
 
Дар  анҷоми  консерт  ҳунарпешагони  шоистаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҳасани Ҳайдар ва  Ноҳид Зайналпур таваҷҷӯҳи ҳозиронро  ба композитсияи идонаи  мусиқию рақсие ҷалб  намуданд, ки дар  он ҳунарпешагони  ҷавон  аз  ҷумлаи  ҷавонону донишҷӯёни  тоҷики муҳассили  шаҳри  Маскав  иштирок  доштанд.

Март 27, 2014 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст