Ҳунарнамоии Ҳасани Ҳайдар ва Ноҳид Зайналпур дар Толори «Русия»
Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Тавре ки намояндаи расмии Сафорати ҶТ дар ФР Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод, 22 март дар Толори марказии консертӣ воқеъ дар Қасри варзиши «Лужники» — и шаҳри Маскав иди баҳор таҷлил гардид.
Дар ин рӯз сокинони Маскав ва меҳмонони сершумор дар намоишгоҳи Тоҷикистон, ки онро Сафорати ҶТ дар ФР дар маҷмааи бонуфузи шаҳри Маскав доир карда буд, бо яке аз аломатҳои асосии Наврӯз — дастархони «ҳафтсин», ки иборат аз 7 таркиб аст, шиносоӣ пайдо намуданд.
Сипас Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев ба дипломатҳои давлатҳои хориҷӣ, аъзои иттиҳодияҳои миллии ҷамъиятии Русия, меҳмонони пойтахти ин кишвар, намояндагони васоити ахбори оммаи Русия ва хориҷӣ аз таърихи пайдоиш ва аҳамияти хони идонаи «ҳафтсин» нақл кард.
Чорабинии идона ба ифтихори Наврӯз бо барномаи идона идома ёфт, ки дар он дастаҳои эҷодкор, сарояндагони маъруфи эстрадӣ ва гурӯҳҳои фолклорию рақсии кишварҳои мухталифи ҷаҳон маҳорати худро намоиш доданд.
Дар анҷоми консерт ҳунарпешагони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасани Ҳайдар ва Ноҳид Зайналпур таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба композитсияи идонаи мусиқию рақсие ҷалб намуданд, ки дар он ҳунарпешагони ҷавон аз ҷумлаи ҷавонону донишҷӯёни тоҷики муҳассили шаҳри Маскав иштирок доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






