Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ITF

Март 5, 2014 18:57

Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ташкил ва баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид ба таэквондо (ITF) доир гардид. Раиси Кумитаи тадорукот, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҷабборӣ иброз дошт, ки дар мувофиқа бо Федератсияи байналмилалии таэквондо санаи баргузории чорабинӣ тағйир дода ва рўзҳои 2-11 августи соли 2014 дар назар дошта шудааст. Бояд зикр кард, ки чунин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ бори нахуст дар Тоҷикистон доир шуда, аз таваҷҷӯҳи хоси Сарвари давлат нисбат ба соҳаи варзиш гувоҳӣ медиҳад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти кишвар дар давоми се соли охир дар қаламрави мамлакат беш аз 2 ҳазору 500 иншооти варзишӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор ва боиси рушди намудҳои гуногуни варзиш гардид. Дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид таэквондо дар шаҳри Душанбе беш аз 600 нафар аз 50 кишвари дунё иштирок хоҳанд кард, ки албатта ин ба нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таъсиргузор хоҳад буд.Дар чаласа  ҳамчунин  ҳисоботи роҳбарони вазорату идорањо ва ташкилоту муассисањои дахлдор оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ташкил ва баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид таэквондо ва дигар самтҳои марбут ба он баррасӣ гардид. Дар фарҷоми ҷаласа М. Ҷабборӣ масъулини соҳаро барои омодагӣ ва ташкили сатҳи баланди баргузории чорабинии мазкур таъкид намуда, доир ба татбиқи саривақтӣ ва босифати Нақшаи чорабиниҳои ташкил ва баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид таэквондо супоришҳои мушаххас дод.

Март 5, 2014 18:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе