Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ITF
Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ташкил ва баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид ба таэквондо (ITF) доир гардид. Раиси Кумитаи тадорукот, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҷабборӣ иброз дошт, ки дар мувофиқа бо Федератсияи байналмилалии таэквондо санаи баргузории чорабинӣ тағйир дода ва рўзҳои 2-11 августи соли 2014 дар назар дошта шудааст. Бояд зикр кард, ки чунин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ бори нахуст дар Тоҷикистон доир шуда, аз таваҷҷӯҳи хоси Сарвари давлат нисбат ба соҳаи варзиш гувоҳӣ медиҳад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти кишвар дар давоми се соли охир дар қаламрави мамлакат беш аз 2 ҳазору 500 иншооти варзишӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор ва боиси рушди намудҳои гуногуни варзиш гардид. Дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид таэквондо дар шаҳри Душанбе беш аз 600 нафар аз 50 кишвари дунё иштирок хоҳанд кард, ки албатта ин ба нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таъсиргузор хоҳад буд.Дар чаласа ҳамчунин ҳисоботи роҳбарони вазорату идорањо ва ташкилоту муассисањои дахлдор оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ташкил ва баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид таэквондо ва дигар самтҳои марбут ба он баррасӣ гардид. Дар фарҷоми ҷаласа М. Ҷабборӣ масъулини соҳаро барои омодагӣ ва ташкили сатҳи баланди баргузории чорабинии мазкур таъкид намуда, доир ба татбиқи саривақтӣ ва босифати Нақшаи чорабиниҳои ташкил ва баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид таэквондо супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






