Ҷаласаи васеи Комиссияи даъвати ҷумҳурӣ
Душанбе, 4.03.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз, 4 марти соли 2014 ҷаласаи васеи Комиссияи даъвати ҷумҳурӣ бо иштироки аъзои Комиссия, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпрокурори ҳарбӣ, роҳбарони кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, раисони комиссияҳои даъват ва комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.Раиси Комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки «ҳангоми баррасии масъалаи мазкур дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилиҳои соҳаро бори дигар мавриди таҳлил қарор дода, супориш доданд, ки маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ сурат гирифта, Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷавонони солиму ватандуст мукаммал гардонида шавад.Бо назардошти ин, мо тасмим гирифтем, ки самтҳои афзалиятноки фаъолиятро дар давраи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян созем ва баҳри беҳтар ба роҳ мондани ин кор қарорҳои лозима қабул ва амалӣ намоем».Дар ҷаласа ҳисоботи муовини раиси Комиссия, сардори раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироваров Х.М. оид ба натиҷаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2013, гузориши муовини раиси Комиссия – сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода аз натиҷаи таҳлили фаъолият дар самти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ шунида шуданд.Ҳамчунин пешниҳодоти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вобаста ба беҳтар намудани татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, муайян намудани низоми самараноки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи даъвати ҷумҳурӣ баррасӣ гардида, қарори дахлдор қабул карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






