Ҷамъомади ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар Пекин
Душанбе, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Аз 11 то 14 март дар шаҳри Пекин таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид.
Назар ба хабари ВКХ ҶТ, дар ҷараёни ҷаласа масоили омодагӣ ба ҷамъомади аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе ва чорабиниҳои дигари муҳими давлатҳои аъзои созмони мазкур дар ҳошияи раёсати Тоҷикистон, аз ҷумла, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, мулоқоти дабирони Шӯроҳои амният, машварати вазирони мудофиа ва роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, машварати вазирони фарҳанг ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Масоили омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Остона баргузор мегардад, низ баррасӣ шуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






