Ҷилои тозаи «Ҷило- 2014»

Март 5, 2014 16:50

 
Душанбе, 05.03.2014. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). — Дар нишасти хабарие, ки дирӯз дар Душанбе бо ибтикори ТВ «Сафина» баргузор шуд, лоиҳаи «ҶИЛО» баррасӣ шуд. Мақсади  баргузории озмун саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанг ва ҳамгироии бештари форсизабонон мебошад.
Дар нишаст гуфта шуд, ки овозхонҳои афғон Фарҳоди Дарё, Амирҷон Сабурӣ ва  Ясмина Алидодова  меҳмони ин барнома  хоҳанд шуд. 
Лутфулло Давлатов, директори Муассисаи давлатии  телевизиони “Сафина” ибрози назар карда гуфт: «Аз миёни 200 довталаб то имрӯз  36 нафар барои иштирок дар озмуни “ҶИЛО”дар ин феҳрист  роҳ ёфтаанд».
Аъзои комиссияи назоратӣ  12 нафарро дар бар мегиранд, ки бевосита аз болои лоиҳаи мазкур ва иштирокдорони озмун ва аз болои худи овоздиҳӣ назорат мекунанд. 
Дар ин лоиҳа 12 бахш ҷой дода шудааст: беҳтарин сарояндаи сол,  беҳтарин сарояндаи зан, беҳтарин суруди сол, беҳтарин клипи сол,  беҳтарин намоиши театрӣ,  беҳтарин ҳунарпешаи сол(мард), беҳтарин ҳунарпешаи сол(зан), беҳтарин барномаи телевизионӣ, беҳтарин радиожурналисти сол, беҳтарин радиобарномаи сол, беҳтарин ТВ журналисти сол ва оҳанги Шарқ. 
Озмуни мазкур то моҳи апрел давом хоҳад кард . 
 

 

Март 5, 2014 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад