Ҷилои тозаи «Ҷило- 2014»
Душанбе, 05.03.2014. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). — Дар нишасти хабарие, ки дирӯз дар Душанбе бо ибтикори ТВ «Сафина» баргузор шуд, лоиҳаи «ҶИЛО» баррасӣ шуд. Мақсади баргузории озмун саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанг ва ҳамгироии бештари форсизабонон мебошад.
Дар нишаст гуфта шуд, ки овозхонҳои афғон Фарҳоди Дарё, Амирҷон Сабурӣ ва Ясмина Алидодова меҳмони ин барнома хоҳанд шуд.
Лутфулло Давлатов, директори Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” ибрози назар карда гуфт: «Аз миёни 200 довталаб то имрӯз 36 нафар барои иштирок дар озмуни “ҶИЛО”дар ин феҳрист роҳ ёфтаанд».
Аъзои комиссияи назоратӣ 12 нафарро дар бар мегиранд, ки бевосита аз болои лоиҳаи мазкур ва иштирокдорони озмун ва аз болои худи овоздиҳӣ назорат мекунанд.
Дар ин лоиҳа 12 бахш ҷой дода шудааст: беҳтарин сарояндаи сол, беҳтарин сарояндаи зан, беҳтарин суруди сол, беҳтарин клипи сол, беҳтарин намоиши театрӣ, беҳтарин ҳунарпешаи сол(мард), беҳтарин ҳунарпешаи сол(зан), беҳтарин барномаи телевизионӣ, беҳтарин радиожурналисти сол, беҳтарин радиобарномаи сол, беҳтарин ТВ журналисти сол ва оҳанги Шарқ.
Озмуни мазкур то моҳи апрел давом хоҳад кард .








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






