Ҷоизаҳо ба рӯзноманигорони Суғд

Март 12, 2014 11:37

Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Дирӯз, 11 март дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо ҳузури наздик ба 100 нафар рӯзноманигор Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд. Дар ошёнаи якуми Кохи матбуот намоиши матбуоти даврӣ доир гардид, ки дар он рӯзномаҳои гуногун ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Сипас бо иштироки журналистони расонаҳои дохиливу хориҷӣ ҷамъомад баргузор шуд. Дар ҷамъомад зикр гардид, ки имрӯз матбуоти тоҷик бо арзишҳои маънавии миллиамон — забон, адабиёт, оину фарҳанг дар як сатҳ қарор гирифта, дар рушди ҷомеаи мутамаддини муосир саҳми амиқ мегузорад.
Дар фазои тантанавӣ  муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ба як гурӯҳ рӯзноманигорони фаъол  сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро  супорид.
Дар озмуни вилоятӣ, ки бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Сарқонун — бахтномаи мо» эълон гардида буд, ғолибон муайян ва бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд. 
 
 

Март 12, 2014 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст