Ҷоизаҳо ба рӯзноманигорони Суғд
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз, 11 март дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо ҳузури наздик ба 100 нафар рӯзноманигор Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд. Дар ошёнаи якуми Кохи матбуот намоиши матбуоти даврӣ доир гардид, ки дар он рӯзномаҳои гуногун ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Сипас бо иштироки журналистони расонаҳои дохиливу хориҷӣ ҷамъомад баргузор шуд. Дар ҷамъомад зикр гардид, ки имрӯз матбуоти тоҷик бо арзишҳои маънавии миллиамон — забон, адабиёт, оину фарҳанг дар як сатҳ қарор гирифта, дар рушди ҷомеаи мутамаддини муосир саҳми амиқ мегузорад.
Дар фазои тантанавӣ муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ба як гурӯҳ рӯзноманигорони фаъол сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро супорид.
Дар озмуни вилоятӣ, ки бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Сарқонун — бахтномаи мо» эълон гардида буд, ғолибон муайян ва бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






