Ҷоми ФФТ: Бохти калони «Панҷшер»

Март 12, 2014 11:49

Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар  шаҳри  Душанбе қисми  ниҳоии  мусобиқот  барои дарёфти Ҷоми  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон оғоз  ёфт. Дар  ҷараёни  мусобиқот барои  дарёфти ҷоми фахрӣ  8  даста  дар  ду  гурӯҳ  қувваозмоӣ  менамоянд. 
 
Тавре  ки  аз  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд, марҳалаи  ниҳоии мусобиқот  барои  дарёфти Ҷоми Федератсия рӯзи душанбе  бо  вохӯриҳо дар  гурӯҳи  «Б» оғоз ёфт. Дар  вохӯрии  аввал  дастаи «Регар — ТадАз» — и  шаҳри  Турсунзода  бо ҳисоби  3 бар 0 бар  дастаи  «Равшан» — и  шаҳри  Кӯлоб  ғолиб омад.  Дар вохӯрии дигари  гурӯҳи мазкур  дастаи  «Хайр» дастаи «Қанд» — и  шаҳри  Конибодомро бо  ҳисоби   4 бар  0  мағлуб  сохт.
 
Рӯзи  сешанбе  дастаҳои  гурӯҳи  «А»  қувваозмоӣ  намуданд. Дар  вохӯрии  якум дастаи  «Истиқлол»  бо  ҳисоби  3 бар 0 бар дастаи «Хуҷанд»  пирӯз  шуд.  «Энергетик» дастаи «Панҷшер» — ро  бо ҳисоби  7  бар  1  мағлуб  сохт.

Март 12, 2014 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе