Ҷоми ФФТ: Бохти калони «Панҷшер»
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Душанбе қисми ниҳоии мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ҷараёни мусобиқот барои дарёфти ҷоми фахрӣ 8 даста дар ду гурӯҳ қувваозмоӣ менамоянд.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, марҳалаи ниҳоии мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федератсия рӯзи душанбе бо вохӯриҳо дар гурӯҳи «Б» оғоз ёфт. Дар вохӯрии аввал дастаи «Регар — ТадАз» — и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3 бар 0 бар дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб ғолиб омад. Дар вохӯрии дигари гурӯҳи мазкур дастаи «Хайр» дастаи «Қанд» — и шаҳри Конибодомро бо ҳисоби 4 бар 0 мағлуб сохт.
Рӯзи сешанбе дастаҳои гурӯҳи «А» қувваозмоӣ намуданд. Дар вохӯрии якум дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 3 бар 0 бар дастаи «Хуҷанд» пирӯз шуд. «Энергетик» дастаи «Панҷшер» — ро бо ҳисоби 7 бар 1 мағлуб сохт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






