14 медали хонандагони тоҷик аз олимпиадаи Қазоқистон

Март 3, 2014 15:18

Душанбе,3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 27-уми феврал  то  3-юми марти соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи  Жолдосбеков  аз фанни математика баргузор шуд.
Тавре ки Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Тоҷикистонро дар ин озмун 14 нафар хонандагони синфҳои 9- 11 аз литсей-интернатҳои президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе ва Чкалов, Гимназияи Тоҷикистон, Литсейи назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Гимназияи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат муаррифӣ намуданд.
Ба гуфти Маҳмудхон Шоев, хонандагони мо аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти озмун 8 медали нуқра, 6 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2013 дар озмунҳои байналмилалӣ хонандагони ҷумҳурӣ 139 медал ба даст оварда буданд, ки аз он 24-тоаш медали тилло,  41-то  нуқра ва 74-тоаш медали биринҷӣ буд. 
 
 

Март 3, 2014 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад