14 медали хонандагони тоҷик аз олимпиадаи Қазоқистон
Душанбе,3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 27-уми феврал то 3-юми марти соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи Жолдосбеков аз фанни математика баргузор шуд.
Тавре ки Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Тоҷикистонро дар ин озмун 14 нафар хонандагони синфҳои 9- 11 аз литсей-интернатҳои президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе ва Чкалов, Гимназияи Тоҷикистон, Литсейи назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Гимназияи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат муаррифӣ намуданд.
Ба гуфти Маҳмудхон Шоев, хонандагони мо аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти озмун 8 медали нуқра, 6 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2013 дар озмунҳои байналмилалӣ хонандагони ҷумҳурӣ 139 медал ба даст оварда буданд, ки аз он 24-тоаш медали тилло, 41-то нуқра ва 74-тоаш медали биринҷӣ буд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






