24 парванда нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ

Март 1, 2014 11:25

Душанбе, 1.03.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Абӯбакр Иброҳимов, сардори шӯъбаи таҳлил ва бақайдгирии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст: «Дар давоми моҳи феврали соли равон бо мақсади пешгирии муҳоҷирати назоратнашаванда ва ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар гузаронидани санҷишҳои назоратиро дар корхонаю ширкатҳо давом доданд”. Тавре ки дар сомонаи расмии раиси вилояти Суғд иттилоъ дода шудааст, дар айни замон дар миқёси вилоят зиёда аз 60 адад ширкат бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолият мебарад, ки дар 9 адади он санҷиши назоратӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни санҷиш 3 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардида, вобаста ба ҳамаи ҳолатҳои ошкоргардида парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуд.Абӯбакр Иброҳимов ҳамчунин зикр намуд, ки: «Дар маҷмӯъ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ дар моҳи феврал 24 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид. Сабаби асосии оғози парвандаҳо риоя нагардидани қоидаҳои будубош ва бе иҷозати расмӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани шаҳрвандони хориҷӣ мебошад».

Март 1, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад