24 парванда нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ
Душанбе, 1.03.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Абӯбакр Иброҳимов, сардори шӯъбаи таҳлил ва бақайдгирии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст: «Дар давоми моҳи феврали соли равон бо мақсади пешгирии муҳоҷирати назоратнашаванда ва ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар гузаронидани санҷишҳои назоратиро дар корхонаю ширкатҳо давом доданд”. Тавре ки дар сомонаи расмии раиси вилояти Суғд иттилоъ дода шудааст, дар айни замон дар миқёси вилоят зиёда аз 60 адад ширкат бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолият мебарад, ки дар 9 адади он санҷиши назоратӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни санҷиш 3 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардида, вобаста ба ҳамаи ҳолатҳои ошкоргардида парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуд.Абӯбакр Иброҳимов ҳамчунин зикр намуд, ки: «Дар маҷмӯъ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ дар моҳи феврал 24 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид. Сабаби асосии оғози парвандаҳо риоя нагардидани қоидаҳои будубош ва бе иҷозати расмӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани шаҳрвандони хориҷӣ мебошад».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






