24 сар моли калони шохдор куҷо шуд?
Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз нимаи дуввуми моҳи январи соли ҷорӣ инҷониб дар чарогоҳҳои назди корхонаи “Кимиё”-и ноҳияи Ёвон сокинони деҳаҳои атроф моли калони шохдори худро гум кардаанд. Сокинони ҷабрдида оид ба гумшавии чорвои худ ба мақомоти милитсия муроҷиат намуданд.
Зимни бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон бо далели даст задан ба дуздии моликияти шахсӣ сокини ҳамин ноҳия Намоз Маҳмадовро дастгир намуданд. Зимни санҷиш муайян шуд, ки дастгиршуда бо тариқи пинҳонӣ аз чарогоҳҳои назди корхонаи “Кимиё” аз сокинони деҳаҳои ҳамин ноҳия-Мутолиб Ҳалимов 8 сар, аз Алӣ Гулов 6 сар, аз Гулмурод Ҳалимов 4 сар, аз шаҳрвандон Раҷабалӣ Ҳалимов ва Моҳрӯ Саъдуллоева 2 сарӣ ва аз дигар сокинони ноҳия 1 сарӣ, дар маҷмӯъ 24 сар моли калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 76 700 сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ВКД хабар доданд, далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуда, нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






