24 сар моли калони шохдор куҷо шуд?

Март 11, 2014 11:22

Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз нимаи дуввуми моҳи январи соли ҷорӣ инҷониб дар чарогоҳҳои назди корхонаи “Кимиё”-и ноҳияи Ёвон сокинони деҳаҳои атроф моли калони шохдори худро гум кардаанд. Сокинони ҷабрдида оид ба гумшавии чорвои худ ба мақомоти милитсия муроҷиат намуданд.     
Зимни бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон бо далели даст задан ба дуздии моликияти шахсӣ сокини ҳамин ноҳия Намоз Маҳмадовро  дастгир намуданд. Зимни санҷиш муайян шуд, ки дастгиршуда бо тариқи пинҳонӣ аз чарогоҳҳои назди корхонаи “Кимиё” аз сокинони деҳаҳои ҳамин ноҳия-Мутолиб Ҳалимов 8 сар, аз Алӣ Гулов 6 сар, аз Гулмурод Ҳалимов 4 сар, аз шаҳрвандон Раҷабалӣ Ҳалимов  ва Моҳрӯ Саъдуллоева 2 сарӣ ва аз дигар сокинони ноҳия 1 сарӣ, дар маҷмӯъ 24 сар моли калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 76 700 сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст. 
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ВКД хабар доданд, далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуда, нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш  идома дорад.

Март 11, 2014 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад