8 нафар — довталаби Ҷоми АИТ

Март 12, 2014 14:38

Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Аз миёни беш аз 100 нафар довталаби ҷоизаи  Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон 8 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз факултаҳои мухталиф барои иштирок ба даври ниҳоӣ  роҳ ёфта, ба шаҳри Душанбе сафарбар гардид.
Тавре ки сардори Раёсати таълими донишгоҳ Саидқаҳҳор  Ёқубов иттилоъ дод,  донишҷӯёнро ду нафар устодони соҳибтаҷриба: доктори илмҳои математика, профессор Абулқосим Мӯҳсинов ва номзади илмҳои химия  Муҳиддин Сабуров роҳбаладӣ  менамоянд.
Бояд гуфт, ки аз 12 то 14-уми марти соли ҷорӣ беш аз сад нафар донишҷӯи кишвар барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон  байни ҳам қувва меозмоянд. Барои иштирок дар ин олимпиада ҳудуди 150 нафар донишҷӯ аз донишгоҳҳои мухталифи кишвар байни ҳам сабқат мекунанд. Иштирокчиёни олимпиада ба ғайр аз дарёфти Ҷоми фахрии Академияи илмҳо бо дипломҳои Академияи илмҳо  низ мукофотонида хоҳанд шуд ва дар сурати ғолиб омадан метавонанд бидуни озмун ба  аспирантура ва магистратураи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ  роҳхат бигиранд. Ин олимпиада оид ба фанҳои илмҳои дақиқ, аз қабили физика, химия, математика, таърих, биология, астрофизика дар бинои Академияи илмҳои кишвар гузаронида мешавад.
 

Март 12, 2014 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе